РОЗ ВА НИЁЗ ШУКР ВА СИТОИШ (#15653)

Ҳувал Носирул Муъин! Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Ба Ту таваҷҷуҳ намудаам, ва ба ҳабли иноятат мутамассикам, ва ба зайли карамат муташаббис. Туӣ Он Кариме, ки як қатра аз дарёи ғуфронат исёни оламиёнро маҳв намояд ва як калима аз фами иноятат оби ҳаявон ба аҳли имкон мабзул дорад. Эй Бахшандаи Якто! Абдатро маҳрум манамо, ва аз баҳри раҳматат қисмате ато намо, ва аз дарёи ҷудат насибе муқаддар фармо. Алсуни олам қобили зикрат на, ва афъидаи умам лоиқи идроки ҳастиат на. Ҳастии Ту варои идроки уқул, ва фавқи ирфони нуфус буда ва ҳаст. Ба камоли аҷз ва ибтиҳол бахшиши қадиматро металабам ва фазли амиматро меҷуям. Ту Доно ва Огоҳӣ. Ба зикрат зиндаам ва ба умеди лиқоят мавҷуд ва поянда. Он кун, ки сазовори бахшиши Туст, на лоиқи зикр ва санои ман. Ло Илоҳа илло Антал Ғафурул Карим. Алҳамду лака Анта Мақсудал қосидин

-Bahá'u'lláh
-----------------------

РОЗ ВА НИЁЗ ШУКР ВА СИТОИШ (#15654)

Илоҳо, Маъбудо! Ин ниҳолест Ту ғарс намудӣ, аз амтори саҳоби раҳмат обаш деҳ. Туӣ Он Кариме, ки исёни олам Туро аз карам манъ манамуд ва аз бадоеъи фазлат боз надошт. Туе, ки ҷудат вуҷудро мавҷуд фармуд ва ба Уфқи аъло роҳ намуд. Ибодатро аз сироти мустақимат манъ мафармо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

РОЗ ВА НИЁЗ ШУКР ВА СИТОИШ (#15655)

Илоҳо, Маъбудо! Туро зикр менамоям ва ба ҳабли иноятат мутамассик ва ба зайли раҳматат муташаббисам, аз Ту омурзиши қадиматро металабам ва фазли амиматро   меҷуям.   Асъалука би анвори анбиёика ва русулика анту аййдани ало зикрика ва саноик вал амала бимо амартани биҳи фи Китобик. Иннака Антал Муқтадиру ало Моташо. Ло Илоҳа илло Антал Ғафурул Карим.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

